Барои мо аҳли омузгорону шогирдони кафедраи таъминоти барқ ба назари эътибор гирифтани суханронии Пешвои миллат ба ифтихори Рузи дониш аз он ҷизат эътибори хоса дошт, ки дар фатҳи мулки маънӣ аз нутки Президент баҳраёб шудем: “ Мо бояд ба муқобили ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, радикализми динӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, хариду фурӯши одамон, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дигар омилҳои хатарзо, ки ба сулҳу суботи ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо таҳдид менамоянд, мубориза барем.
Имрӯз вазъи ҷаҳон бисёр мураккабу буҳронӣ гардидааст. Агар баъди ҷанги дуюми ҷаҳон тайи даҳсолаҳо ҷанги сард омили бесуботии дунё гардида бошад, ҳоло терроризму экстремизм ба мушкилоти ҷиддитарини глобалӣ табдил ёфтаанд.
Яъне вазъияти ҷаҳон дар зарфи даҳсолаҳои охир ҳаргиз чунин печидаву хавотиромез набуд. Рӯйдодҳои вақтҳои охир дар минтақа ва ҷаҳон, бахусус, нишасти сатҳи олии Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки дар шаҳри Душанбе доир гардид, равшан сохтанд, ки мавзӯъҳои геополитикӣ ва геостратегӣ барои кишварҳои ҷаҳон аҳаммияти рӯзафзун пайдо карда истодаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, илова ба ин, ки дар давраи раёсати худ дар фаъолияти ин ҳамоиш тайи солҳои 2018 – 2020 ҷиҳати амалӣ намудани панҷ ченаки асосии он — иқтисодӣ, экологӣ, арзишҳои инсонӣ, мубориза бо таҳдиду хатарҳои замони муосир, ҳамчунин, дар арсаи низомиву сиёсӣ нақши назаррас бозида истодааст, инчунин, омода аст, ки минбаъд низ дар ҳалли масъалаву мушкилоти глобалӣ, пеш аз ҳама, пойдории сулҳу суботи сартосарӣ ва тавсеа бахшидан ба ҳамкорӣ миёни кишварҳои минтақа саҳми арзишманд гузорад.
Зеро мо хуб медонем, ки ҷанг бенизомиву беқонунист, хунрезиву куштори одамони бегуноҳ аст ва ҳамеша гуруснагиву қашшоқӣ ва харобиву бадбахтӣ меорад.
Сулҳу оромӣ шарти ободиву пешрафт ва амалӣ гардидани ҳамаи нияту орзуҳои неки ҳар як инсон мебошад.
Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми Тоҷикистон ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мерасанд ва аз зиндагии орому осудаи имрӯза шукрона мекунанд.”
Оре, паёми маърифатомузи Пешвои миллат моро ба фатҳи қуллаҳои нави дониш ҳидоят мекунад.