ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ТАЪМИНОТИ БАРҚИ ДКМТ ДАР ЗАМИНАИ МИТИНГИ БЕРЛИН

Мо ҳайати омузгорон аз он изҳори нигаронӣ мекунем, ки баргузории митинги неруҳои мухолифин дар назди бинои сафорати Тоҷикистон дар Берлин авзои сиёсиро ноором месозад. Ба ин маънӣ, ки мардуми атрофро бо талабҳои беасоси худ халалдор месозанд.

Оид ба гунаҳкор будани шаҳрванд танҳо як мақомоти судӣ ҳукм содир мекунад ва бозбинии чунин парвандаҳо боз ҳам дар салоҳияти суд аст. Фишороварӣ ба мақомот қобили қабул нест.

Эъломияи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон пайваста риоя мегардад. Муҳим иҷро намудани арзишҳои давлати ҳуқуқбунёд мебошад.

Аз ин хотир, барпо намудани ҳамагуна митингҳоро маҳкум менамоем.