Чандест, ки дар шабакаҳои интернетӣ ифротгароён ва авбошони наҳзатӣ ғояҳои ифротии худро нашр намуда, мехоҳанд, ки ҷавононро гумроҳ созанд ва аз ҳамин васила истифода намуда талош мекунанд, ки туҳматномаҳояшон, дурӯғҳояшон миёни ҷомеа паҳн гардад.
Бояд ёдрас шуд, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ пас аз фирор аз кишвар ва ҷой гирифтанашон дар кишварҳои хориҷӣ бо сармоягузории хоҷагони хориҷияшон талош намуданд, ки чандин сомонаҳои ифротии худро дар шабакаи интернет таъсис дода, аз ҳамон ҷо бар алайҳи миллати тоҷик мубориза мебаранд.
Ба ҳама маълум аст, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ душманони миллати тоҷик ҳастанд ва ҳамеша талош менамоянд, ки мисли ҳарвақта ба миллат хиёнат кунанд.
Мо омӯзгорони кафедра ин рафтори хоинони миллатро маҳкум намуда, ба ҳамаи ин палидони наҳзати лаънат мехонем.