ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ТАШКИЛИ ҲАМЛУ НАҚЛ: ТТЭ ҲНИ БОЯД НЕСТ КАРДА ШАВАД.

Шурӯъ аз солҳои 90-уми асри гузашта аъзоёни ТТЭ ҲНИ бар муқобили миллати тоҷик зери ниқоб мубориза бурда барои аз байн бурдани ин миллат ҷанги шаҳрвандиро ташкил намуданд ва ҷони зиёда аз 150 ҳазор нафарро қурбон карданд.

Ҳамчунин барои пӯшида мондани сирри худ ва бештар гумроҳ кардани мардум, наҳзатиёни малъун равшанфикрон ва олимону рӯзноманигоронро ба қатл расониданд, ки ин бисёр ҳам хиёнати бузурги ин тоифа мебошад.

Умуман наҳзатиёни палид бо супориши хоҷагони хориҷияшон талош менамуданд, ки кишварро пора-пора созанд ва миллатро хору залил гардонанд, ки ба ин мақсадашон нарасиданд ва ҳоло барои ҳамин нақшаро дубора такрор намудан дар хориҷи кишвар паноҳ бурда, бар зидди миллату давлати мо мубориза мебаранд, ки ҳаргиз ба мақсад нахоҳанд расид. Зеро сабабгори ҳамаи ин сарсониву саргардонӣ ва беқадрии миллат дар солҳои90-ум ҳамин палидони наҳзатӣ ҳастанд.

Мо устодони кафедра ин рафтори хоинони миллати тоҷикро ба таври комил маҳкум менамоем ва несту нобуд шудани террористони наҳзатиро таманно дорем.