ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ТАШКИЛИ ҲАМЛУ НАҚЛ: ҶАҲОН БОЯД АЗ ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ ПОК ШАВАД

Имрӯз дар саросари ҷаҳон зуҳуроти номатлуби аср яъне терроризм ва экстремизм паҳн гардидааст, ки барои амнияти ҷомеаи башарӣ хатар дорад. Ҳоло дар аксарияти мамлакатҳои дунё ин гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ бо шаклҳои гуногун ва мақсадҳои якхелаи хатарнок вуҷуд доранд, ки  ҳар рӯз мо шоҳиди ҳамлаҳо ва амалҳои ноҷавонмардонаи ин гурӯҳҳо ҳастем.

Албатта дар чунин вазъияти ноором қарор гирифтани ҷаҳон аз чанд ҷиҳат моро ба андеша водор месозад ва лозим аст, ки қабл аз зуҳури чунин гурӯҳҳои  ифротгаро ва тундрав чорандешӣ намоем.

Албатта, ҳоло имконияти кишвари мо хуб аст ва шукрона, ки мардум дар шароити сулҳу оромӣ зиндагӣ доранд ва чандин маротиба аллакай мақомоти қудратӣ пеши роҳи гуррӯҳҳои тундрав ва ифрогарор гирифтанд, то амнияти ҷомеа халалдор нагардад.

Ягона гурӯҳи террористие, ки бо аъзоёнаш ҳоло дар хориҷи кишвар зиндагӣ дорад ин ТЭТ ҲНИ мебошад ва аз ҷониби аъзоёни ин созмони террористӣ ҳамеша барои гумроҳ сохтани миллат ҳар рӯз анқариб садҳо матлаби иғвобарангезу ҷудоихоҳона нашр мешавад, ки бар хилофи қонуниятҳои башарӣ мебошад.

Аз ин рӯ ба созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ва созмонҳои дигаре, ки барои мубориза бар терроризм барнома сохтаанд, пешниҳод менамоем, ки чунин созмонҳо ва гурӯҳҳои террористӣ пурра безарар гардонида шаванд.

Мо аъзоёни кафедра ин амалҳо ва дасисабозиҳои аъзоёни ТЭТ ҲНИ-ро маҳкум намуда, хоҳиши онро дорем, ки ҷаҳон аз ин тоифаи бадкеш пок гардонида шавад.