ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ТАШКИЛИ ҲАМЛУ НАҚЛ: ДӮСТӢ ПОЯНДА БОД!

Он чӣ имрӯзҳо дар маҳаллаҳои марзӣ дида мешавад ва он рафтори нодурусте, ки аз ҷониби ҳамсояҳо содир мегардад, бояд дар доираи ақл баҳогузорӣ шавад. Зеро на ҳар кас метавонад баҳои холис бидиҳад ба ин масъалаи бисёр барои ҳарду ҷониб ҳассос. 

Аз давраҳои дури таърих мо бо қирғизҳо ҳамсояи наздик ҳастем ва як рафтори хубу таомули ҳамсоядории нек низ доштем. Ҳоло дар асри 21 решаҳои ҳамин фарҳанги ҳамсоядорӣ коста гардидааст ва муносибати ҳамсояҳо имрӯз ба таври дигар дида мешавад. Ҳарчанд миллати тоҷик ҳаргиз аз пайи фарҳангу маданияти бегона нарафтаасту ҳамеша фарҳанги волову одоби баланди ҳамсоядориро дар ҳадди эҳтиром хос нигоҳ доштааст, лек ҳамоно баъзан аз ин дигарон сӯистифода мекунанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки мо бо мардуми қирғизистон солҳои зиёде дар як минтақа маскун доштаем ва ҳамеша гузаштагонамон риштаи дӯстиву бародариро бо ин қавми ҳамсоя нигоҳ доштаанд. Ҳоло, ки дар кишвари мо ин масъала ба миён омадааст мо талаб мекунем, ки ҳамсояҳо ҳамон рафтори нике, ки нисбаташон раво дида мешуд ҳамонро риоя кунанд ва дӯстиро ҳаргиз фаромӯш насозанд.

Аз ин рӯ, гуфтаниям, ки мардуми қирғиз бояд дӯстиву бародариро фаромӯш накунанд ва баҳри пояндагии он талош варзанд.