ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАШКИЛИ ҲАМЛУ НАҚЛ: РОҒУН АХТАРИ САОДАТ АСТ!

      Шарафмандам аз он ки дар Тоҷикистон ба дунё омадаам ва шаҳрварди комилҳуқуқи Тоҷикистон ҳастам. Басо хурсандиовар аст, ки дар ин 28 соли соҳибистиқлоли Тоҷикистони азиз як давлати ақибмондаву ҷангзада ба як кишвари пешрафтаву обод табдил ёфт. Ҷараёни созандагиву бунёдкорӣ ҳанӯз ҳам дар ҳар кӯчаву хиёбон ва деҳаву деҳкада дида мешавад, ки ин нишон аз ободиву осудагӣ ва сулҳу ваҳдати миллат мебошад. Созандагиву бунёдкориҳо симои кишвари азизамон ба кулли тағйир дода, ки имрӯз мо дар он як гӯшаи зеботарини ҷаҳонро мебинем.

Бо талошҳову сиёсатҳои хирадмандонаи хеш Сарвари муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистонро ҳамчун кишвари пешрафта муаррифӣ намоянд. Ҳамчунин сиёсати бунёдкориву созандагиро пеш гирифта, баҳри расидан ба ҳадафҳои бузург ва беҳбуд бахшидан ба зиндагии мардум як силсила нерӯгоҳҳои хурду бузургро ба истифода доданд. Аз ҷумла пас аз талошҳо ва ҷоннисориҳои бемислу монанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 9-уми сентябри соли ҷори агрегатӣ дуюми нерӯгоҳи барқи обии Роғунро ба кор дароварданд, ки дастоварди бузургтарини ҷабҳаи созандагӣ дар кишвар дониста мешавад. Бо ба кор оғоз намудани нерӯгоҳи Роғун мо метавонем ба таври комил аз бунбаст раҳо шуда ба истиқлолияти энергетикӣ бирасем. Ин ба мо имконият медиҳад, ки хонадони тамоми тоҷикистониён ҷароғистон бошаду дар ҳеҷ фасле норасогии барқ дида нашавад. Ҳамчунин аз неъмати бебаҳо ҳамсояҳои мо низ метавонанд фоида баранд, ки ин ба ҳар ҳол беҳтарин лоиҳа хоҳад буд.

Роғун ин майдони созандагиву ҷасорат ва мардонагиву матонат аст!

Роғун ин бахти баланди миллату ахтари саодат аст!

 Мо пайравони Пешвои муаззами миллат ин ҳама созандагиҳоро дида, талош мекунем сазовори шаҳрванди ин кишвари азиз бошем.