Раванди ҷаҳони муосир нишон медиҳад, ки ҳануз ҳам дар ҷомеъа афроди камсаводу таасубкор ва ифротгаро мавҷуд ҳастанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат дар паёмҳояшон аз он нигаронӣ мекунанд, ки баъзе гурўҳҳо аз низоми мусоиди ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон сўистифода мекунанд. Ба гуфтаи ў «ифротгароиӣва таасубу хурофот коштани тухми кинаву адовати диниву мазҳаби маргталабиҳои динӣ, сўистифодаи ислом бо ғаразҳои сиёсии гурўҳиву шахсӣ ва дигар аъмоли номатлуб, ин имрўзњо моро водор месозанд, ки мо дар ин самт тадбирҳои қатъӣ андешем. Хурофот таасуб, ифротгарои ва бесаводи ҷаҳолат ва торикист. Ба мардум танҳо бадбахтӣ меорад».
Мушоҳидаҳо ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки фаъолияти ҳаракатҳои ифротӣ бо мурури замон низоми муташаккили сиёси касб кардааст ва онҳо иддаои таѓир додани низоми давлатдорӣ дар кишварҳои мусулмониро доранд, зери таъсири аќқдаҳои ифротӣ андешаҳои ботил сохтани арзишҳои миллӣ ва дунявии ҷомеа шакл гирифта истодааст. Иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар амалиётҳои ин гурўҳҳо собит сохт, ки ҳадафи онҳо, танҳо Ироқу Сурия нест. «ҳамаи ќувваҳои ифротї мекушанд вазъи маънавї ва фарҳангиеро, ки ҷомеаи давлатҳои пасошуравиро фаро гирифта буд, пур намоянд ва ҷавононро барои пиёда кардани манфиатҳои манфури худ баръало истифода баранд. Дар ҷомеаи сунатии мо дин мавқеи намоён дорад». Барои ҳамин қувваҳои ифротӣ ба ҷомеа ба шакли дин ворид мешаванд.
Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрўза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм (тундравӣ, ифротгарої) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») маншаъ гирифта, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан мебошад.
Сатҳи саводнокии сиёсӣ ба дараҷаи хуб бошад, зарурати ҳиҷрат ва шомилшавӣ ба дину мазҳаби бегона нест.