ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ СОХТМОН ВА КОРҲОИ МАРКШЕЙДЕРӢ: ПУШТИБОНИИ ТЭТ ҲНИТ ЗАРХАРИДОНИ ХОРИҶӢ

Дар пайи амалҳои зишти ҳодисаҳои террористӣ бешуӣҳа ҷонибдорони ТТЭ ҲНИ меистанд.  Пуштибонии ТЭТ ҲНИ, ҳамчун тарғиби терроризм аз ҷониби Ҷумҳурии исломии Эронро сахт маҳкум мекунем, чунки таҷрибаҳои кишварҳое, ки дар онҳо ҳизбҳои динӣ амал мекунанд, исбот кардаанд, ягон пешравие дар он давлат ба вуҷуд наомадааст.

Таҷрибаҳои Тоҷикистон низ мисоли далели ин гуфтаниҳост. Ташкилоти экстремистию террористии ҲНИ зиёда аз 30 сол дар саҳнаи сиёсати Тоҷикистон амал кард. Масъулини ин ҳизби маъншуда, наҳзатиён мавзӯи сари ҳокимият омадан ва давлати дунявиро ба давлати динӣ табдил додан буд. Наҳзатиён хостан аз дини мубини ислом суистифода кунанд, чун ки хоҷагони хориҷиашон ин гуна муносибатро ба онҳо ҳам бо маблағ ва ҳам раҳнамоиҳои маънавӣ меомӯзониданд. Пазируфтани Кабирӣ ҳамчун меҳмони воломақом дар Эрон, ҷонибдорӣ шудани ӯ аз ҷониби мансабдорони калони эронӣ, бар хилофи он ки ин ҳизб дар Тоҷикистон террористӣ ва экстремистӣ эълон шудааст, ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳайрат овард. Аслан бигирем, аз ибтидои таъсиси ин ҳизб, мардуми Тоҷикистон онро намепазируфтанд, зеро аз таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ, ки дар он кишварҳо ҳизбҳои исломӣ мавқеи фаъол доштанд, ки сиёсати сохтани дин ҳеҷ гоҳ сулҳу субот ва пешрафт намеоранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъкид карданд, ки аз устодону омузгорон ва падару модарон талаб карда шаванд, ки донишҷӯёнро барои аз бар намудани донишҳои муосир ҷалб намоянд, онҳоро дар рӯҳияи донишомӯзиву хештаншиносӣ, меҳнатпарастиву ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ тарбия кунанд, чунки солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосиро ба ташвиш овардааст. Теъдодии асосии терористонро ҷавонон ва наврасони дур аз таълим ташкил медиҳанд. Дар ин замина, тарбияи дуруст ва дар роҳи худшиносии миллӣ тарбия намудани насли наврас вазифаи ҳар як омӯзгор, ба шумор меравад.

Дар замони муосир аксари гурӯҳҳои террористӣ ба қатлу куштори халқи осоишта машғуланд ва ба номи ислом ин амалҳои нангинро иҷро мекунанд. Қисми зиёди ҷавононе, ки ба ин гурӯҳҳо шомил гардидаанд, на дониши кофии исломӣ доранду на дониши комили дунявӣ.

Бинобар ин, бояд мо омӯзгорон машғулиятҳои тарбиявиро дар Донишгоҳи кӯҳӣ муталлургии Тоҷикистон низ хубтар ба роҳ монда донишҷӯёнро аз вазъияти сиёсии ҷаҳон огоҳ намуда, ба онҳо корҳои ташвиқотӣ гузаронида шавад, ки сулҳу ваҳдат ва истиқлолият неъмати бебаҳо мебошад ва донишу малакаи хешро донишҷӯён, танҳо барои рушди Тоҷикистони азизамон равона созанд.