Имрӯзҳо дар кишварҳои аврупоӣ зиндагӣ намуда, худро бегуноҳу сафед карданӣ мешаванд як тӯдаи авбошону роҳзанҳову ҷинояткорон. Аммо бехабар аз он ки онҳо бо ин амалашон худро бештар ошкор менамоянд ва ниятҳои бадашон фоштар мешавад.
Аслан ҷой гирифтани тӯдаи террористҳо дар Аврупо ва боз ҳам пуштибонӣ ёфтани анҳо аз ҷониби САҲА бароямон ҳамчун муаамо боқӣ мемонад. Чӣ гуна бо ин қадар ҷиноят онҳо озод мегарданд?
Оё созмонҳи мисли САҲА пеш аз оне ки аз гурӯҳе пуштибонӣ ва ҳимоят мекунанд як маротиба гузаштаи ин гурӯҳро мебинанд? Ё фақат барои он пуштибонӣ менамоянд, ки ин палидони наҳзатӣ таҷрибаи бузурги террористӣ доранд?!
Аз ин мо омӯзгорон ин рафтори САҲА ва давлатҳои аврупои маҳкум намуда, талаб менамоем, ки ба ҳамаи ин масхарабозӣ хотима дода шавад. Мо намехоҳем, ки душманони миллат ва боз ҳам террористҳо дар озодӣ бошанд!