ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ МЕТАЛЛУРГИЯ НИСБАТ БА СУХАНРОНИИ КАБИРӢ ДАР ВАРШАВА

Мо  аҳли устодону омӯзгорони кафедраи метуллургия  аз суханронии Кабирӣ ба ҳайрат омадем.  Гаҳе аз таърихи босмачиҳо ҳарф зада ҳатто арзишҳои истиқлолиятро пушти по мезанад..

Аз расонаҳои хабарӣ дарёфтем, ки  паси ҳодисаҳои нанговари ҳамла ба сайёҳон дастаи авбошони ТЭТ ҲНИ меистад, ки ин амалро пешакӣ тарҳрезӣ намудааст. Аммо Кабирӣ инро нодида мегирад. Таъкид кардан ба маврид аст, ки ин ҳизби ба ном исломӣ аз рӯзи ташкил гардиданаш то ба имрӯз ба халқу ватани мо заррае бошад ҳам фоида наовардаанд, балки зарару зиён расонид, ки худро дар таърихи миллати мо ҳамчун ватанфурӯш нишон дод.

Ҳодисаҳои иғвоангези  онҳо бори дигар ин маъниро таъкид мекунад.

Мо, ҳайати устодони кафедраи мазкур ҳаминро таъкид медорем, ки хиёнаткорони миллату давлат бо мурури замон аз амалҳои нопокашон дар назди қонун ва халқ ҷавоб хоҳанд дод! Ин амали онҳоро маҳкум месозем.

 

Шамсиддинова М., мудири кафедра, Ашӯров М., дотсенти кафедраи металлургия

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

9 + 17 =