ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ МЕТАЛЛУРГИЯ: КАБИРӢ ШАЙТОНИ МОҲИР!

Намехостем чунин ном гузорем, аммо аз чанд рӯз пеш вақте мушоҳида намудем, ки роҳбари террористони ҷаҳон ва ТЭТ ҲНИ Кабирии ақлбохта чи хел обрӯву мақоми Тоҷикистонро паст кардан хост хеле нороҳат гардидем. Албатта, мо ба суханони аблаҳе аз фаррошхонаи охундҳо таваҷҷуҳе надорем, лек суханони дурӯғу иғвобарангезашро ҳаргиз қабул намекунем.

Ин палиди намакношинос ва кофари мутлақ аз номи дини мубини ислом гап зада худро мусалмони комил мегирад, вале дар асл як мунофиқ ва ифротии хоин аст. На исломро медонаду на ахлоқи муслиминро. Фақат чизе, ки медонад ин аз дини ислом истифода намуда дигаронро гумроҳ кардан аст.

Тарзи суханронӣ, муошират ва одоби мусалмон бояд намуна бошад, аммо аз Кабирӣ ва дигар палидони ТЭТ ҲНИ бошад, баръакс намуна барои шармандагӣ.  Кабирӣ як палиди манқурт аст ва дар нишасти САҲА ҳам моҳиронаву дамдуздона ҷавонони фанатикашро ба шӯр овардааст, то миллати тоҷикро бадном кунад.

Мо ин амалҳои наҳзатиён ва ифротиёни муқими Аврупоро маҳкум намуда аз СММ талаб менамоем, ки ба ин ҷинояткорон баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.