ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ МЕТАЛЛУРГИЯИ ДКМТ ОИДИ МАҲКУМИ ТТЭ ҲНИ ЧУН СОЗМОНИ ТАХРИБКОР

Дар хориҷи кишвар истода даст ба тахрибкорӣ задан шоистаи таҳсин нест. Аммо созмони мамнуъшудаи ТТЭ ҲНИ ҳамоно теша ба решаи осудагии кишвар зада, фазои иттилоотиро бо ахбори нодуруст пур мекунад. Мисоли ин мусоҳибаи ҳуқуқдон Шабнами Худойдод ба сомонаи Кимиё Саодат аст, ки Кури Юнус онро тарҳрезӣ мекунад. Дар робита ба ин мавзуъ ҳаминро гуфтанием, ки ҳеҷ гуна ҳуқуқи кудакон дар Тоҷикистон поймол нашудааст.

Вобаста ба имконият ва хайру эҳсони соҳибкорон теъдоди иншоотҳои кудаконаю наврасон афзоиш меёбад. Акнун, чунин тадбирҳои идона барои наврасон ҳар чи бештар гузаронида мешавад, то дунёи рангинии кудакон фарогири ҷомеа бошад.

Ба хотири таъмини ҳимояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон қонунҳои амалкунанда мавҷуд аст. Мо бояд пайи ободии Ватан шавем ва ба ҳаргуна дасисаҳо дода нашавем.