Номаи Сархатиби вилояти Суғд нисбати табрикоти солинавии роҳбари ташкилоти террористии ҲНИ М.Кабирӣ дар Фейсбук этирози саривақтӣ ва одилона нисбати Кабирӣ мебошад. Воқеан ҳам дуруягии Кабирӣ ҳар як шахси ватандустро ба ҳайрат меорад. Дар ҳақикат, ҳам соли 2018 барои мардуми тоҷик соли бобарору хотирмон буд. Аз комёбии мардуми кишвар тамоми мардуми олам, ташкилоти бонуфузи байналхалкӣ ба ваҷд омада табрикоти одилона ва холисонаи худро ба мардуми мо иброз намуданд. Танҳо хоинон, душманони миллати мо Кабирӣ ва пайравонаш ангушти ҳайрат мегазанд, бовар кардан намехоҳанд.
Мавриди истифода қарор гирифтани чархаи аввали НБО Роғун худ як ҳодисаи нодир ва фаромушнопазир буд.
Умедворем рузе фаро мерасад, ин ашхос дилашон ба забонашон як шавад.