Миллати тоҷику халқи қирғиз аз қадимулайём то ба имрӯз чун ду халқи дӯсту бародар дар як минтақа зиндагиву фаъолият намудаанд. Муштаракоти зиёди динию фарҳангӣ ва равобити илмиву адабӣ дар байни ин ду миллат асрҳо боз ҷараён дошта, он имрӯз низ дӯстиву бародарии ин ду миллатро боз ҳам мустаҳакамтар менамояд.
Ҳақиқатан сулҳ амниятест, ки чун дар мавриди хоб будани тифлакон модар дар истироҳат асту изтироб надорад, дар мавриди сулҳу осоиштагӣ низ давлат орому осоишта арзи ҳастӣ менамояд. Аз дарду ранҷ ва фитнаву дасисаҳо канора мегирад. Пас, сулҳу осоиштагӣ ва фароғати давлату миллат худ аз худ ба осонӣ ба даст намеояд. Барои ба даст овардани сулҳу дӯстӣ, ҳанӯз дар солҳои давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ мардуми мо дар муҳорибаҳои шадиду хунин ва дардафзо иштирок намуда, ҷони худро дар роҳи сулҳу дӯстӣ ва озодии Ватани хеш дареғ надоштаанд. Фарзандону ҳамсарони меҳрубони хешро ба ҳоли худ гузошта, баҳри озодии Ватан кӯшидаанд. Гуруснагиҳо дида, афсурдагиҳоро паси cap кардаанд. Натиҷаи ин заҳматҳои зиёди чунин мардонӣ баномусу нанги миллат имрӯз моён бо умеду орзу ва озодиву осоиштагӣ умр ба cap мебарем. Хушбахтем, озоду бофароғат зиндагӣ мекунем, офтоби гармталъат саховатмандона ба сарамон нуру зиё ва меҳру муҳаббат эҳё намуда, шодиамонро афзун мегардонад. Имрӯз бо заҳмати беандозаи Президенти давлатамон Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии миллати бонангу номуси тоҷик Тоҷикистон бо ҳамаи кишварҳои дунё робитаи дӯстӣ дорад. Ҳамарӯза чун миллати сулҳхоҳу давлати тинҷу ором ҳамкориву ҳамрайъӣ намуда, дар бурду бохт ва камию костиҳои онҳо саҳмгузор аст. Тамоми давлатҳо бо кишвари мо робитаҳои дӯстӣ доранд, ки ин натиҷаи сулҳу оромӣ аст.
Кафедраи математикаи олӣ ва информатика