ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ МАТЕМАТИКАИ ОЛӢ ВА ИНФОРМАТИКАИ ДКМТ: АЗ ФИТНАИ ИСЛОМСИТЕЗӢ ДУРӢ МЕҶУЕМ

 Дар оғози қарни ХХ1 инсон бо ҳодисаи номатлубе, ки ба орзуву ниятҳои одаму олам таҳдид мекунад, рӯ ба рӯ омадааст ва ин падида терроризми байналмилалӣ номида мешавад. Боиси тазаккур аст, ки амалҳои даҳшатноки терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои динию мазҳабӣ сурат мегиранд, ба дини мубини ислом иртибот надоранд. Баръакс онҳо аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ мешаванд. Фитнагарону ҷаҳонхоҳон гурӯҳеро бо номи “Давлати исломӣ” ташкил ва барои анҷом додани ниятҳои муғризона ва инсонбадбинонаи худ ҷавонони кишварҳои гуногун (асосан мусулмонҳо)-ро ба доми худ кашиданд.

Дар кишвар барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо тадбирҳои зиёд андешида мешаванд. Аз ҷумла, соли 2017 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон гардид, ки ин эътимод ба имрӯзу фардои неки насли ҷавон аст. Ин неруи бузурги созанда ҳамчунин бояд сипари боэътимоди Тоҷикистони шукуфони мо аз ҳама гуна хатарҳои терроризму экстремизм бошад. Ба ин хотир таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бояд ҳамеша дар хотир дошт: “Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст”.

Аз ин хотир, мо аз фитнаи исломситезон дуриро авлотар медонем!