ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ МАТЕМАТИКАИ ОЛӢ ВА ИНФОРМАТИКАИ ДКМТ нисбати амалкарди ТЭТ ҲНИ

Имрӯз тамоми мардуми сайёра шоҳиди шаклу намудҳои нангини куштору даҳшатафканиҳои гурӯҳҳои террористӣ дар қаламравӣ кишварҳои мусулмонӣ ва дигар минтақаҳои ҷаҳон шуда истодаанд.

Бадхоҳони миллати тоҷик мардумро мехоҳанд бовар кунонанд, ки суханонашон ҳама аз рӯи адлу адолат аст, аммо дар аслбо роҳи фиреб ҳар гуна камбудиҳои ночизи ҷамъиятро чанд баробар зиёд карда, мехоҳанд, ки ҳукумати ҳозираро, ки поягузори сулҳу ваҳдат аст ва оромии мардумро таъмин мекунанд, ба чашми мардум гунаҳкор нишон диҳанд.

Чунончи, аъзоёни ҲНИ бо ҳар роҳ мехоҳанд, ки ҳаёти орому осоиштаи мардумро халалдор намуда, вазъиятро ба монанди ба ном “Давлати исломӣ” ба хуну халаф кашанд.

Лекин ба ин бозиҳои авомфиребонаи худ халқи ваҳдатофаронаи тоҷикро дигар фиреб дода наметавонанд, зеро халқи мо заҳри ин амалҳои онҳоро дар солҳои навадуми асри гузашта чашида буданд.

Дар ҳар давру замон шахсиятҳое пайдо мешаванд, ки ба тақдиру ояндаи миллат саҳмгузор мешаванд. Бо бахти баланди халқи тоҷик шахсияте бо номи Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат ворид гардида, ин миллати парокандаро сарҷамъ намудааст.

Фаъолияти густурдаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи иттиҳоди тоҷикон, ки яке аз аслҳои умдаи ҳадафҳои олӣ буд, шахсияти ӯро аз маснади пешвои ормонии халқ то ба ҳадди Пешвои миллат оварда расонид, ки воқеан арзанда аст.