ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ МАТЕМАТИКАИ ОЛИ ВА ИНФОРМАТИКАИ ДКМТ: МУНОФИҚРО МАДОН ЁРИ МУНОФИҚ!

Бешубҳа, осонтарин айбмониву айбҷӯист. Мутаассифона мардуме ҳастанд, ки агар дар байни ду нафар нофаҳмие рух дод, айбҳоеро меҷӯянду ном мебаранд, ки ба гуфти мардум дар рӯи бел ҳам намеистад. Бо маънои дигар барои ба як нафар туҳмат задану айби набударо бастан, на дипломи донишгоҳ лозиму на дониши кофӣ.

Дар сомонаи интернетии “Ахбор.ком” ҳар гуна суханҳои дуруғу пуч аз тарафи Салимпур ба табъ мерасад. Ин Салимпури аҳмақ барои пули ҳароме, ки аз тарафи хоҷагонаш мегирад номи Ватане, ки худ зиндагӣ кардааст сиёҳ мекунад. Муҳиддин Кабирию Мирзо Салимпур барин шахсиятҳои дуруя барои пулу мол ватанфурушӣ карда истодаанд.

Қабл аз он ки ягон сухан дар бораи давлат бигӯяд аввал ҳаминро донад, ки на дигарон, балки худашу хоҷагонаш барин шахсиятҳо дар фермаанд. Он мақсади нопоки Салимпур ба ҷое намерасад. Чи хеле ки мегуянд, хиёнаткор ҳеҷ ба мақсад намерасад ба қавле корвон меравад, ин сагон аккос мезананд.

Ба таври умум, мо чун шаҳрвандони Тоҷикистон чунин амалҳои бадкирдоронро маҳкум намуда, аз мардуми шарифи ватанамон хоҳиш менамоем, ки ба суханҳои беасоси ин нохалафон аҳамият надиҳанд.

Мунофиқро мадон ёри мувофиқ!