«… Бо тағйир додани кулоҳ ақл тағйир намеёбад.
Ман аз беқадрии хори сари девор донистам,
Ки нокас кас намегардад аз ин боло париданҳо.
Наҳзатиҳо сарпарасти асосии хешро бори дигар ошкор сохта, дар пайи ҷустуҷӯйи «хоҷагон» ва пуштибононӣ нав қарор доранд. Чуноне, ки М. Кабирӣ таъкид намуд, онҳо аз кумаки ягон «хайрхоҳ» рӯ намегардонанд. Тамоми талоши онҳо таҳмил намудани фикру идеологияи «ДОИШ»-и худ бо либоси нави сиёсӣ дар байни мардум мебошад. Ҳамаи ин амалкардҳо баҳри нигоҳ доштани бақои худ дар рӯйхати «неруҳои мухолиф»-и кишвар барои ҷалб намудани хоҷагони нав ва парокандагии миллати тоҷик равона гардидааст.
Вале зиракии сиёсии ҷавонони барӯманди кишвар раванди наҳзатандешию ифротгароии идеологияи сиёсӣ ва тавони пешбурди кории роҳбарияти ин ҳизби террористиро заиф гардонидааст.
Дар ин робита омузгорони кафедра амалҳои душманонаи «Паймони зиддимиллӣ»-и манқуртҳои наҳзатиро маҳкум сохта, минбаъд низ баҳри пешгирӣ намудани парокандагӣ, бадбинӣ ва ихтилофу низоъ талош хоҳад варзид».