ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ МАТЕМАТИКАИ ОЛИИ ДКМТ : ҲАРФИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҲИКМАТИ НОДИРУ НОТАКРОР АСТ

Аз суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҳам барои зиндагӣ ва ҳам барои расидан ба қуллаҳои муваффақият ва рушди шахсият баҳраҳо бардоштем:

“Барои таъмин намудани пешрафти бонизоми давлати миллӣ мо ба кадрҳои баландихтисоси соҳаи идоракунӣ ва хизмати давлатӣ ниёз дорем.

Зеро рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳар як халқу миллат аз сатҳи саводу маърифат, савияи донишҳои касбии хизматчиёни давлатӣ ва фаъолияти пурсамари онҳо вобастагӣ дорад.

Аз ин рӯ, мо бештар ба тарбияи кадрҳои сатҳи байналмилалӣ, ки дорои ҷаҳонбинии васеъ, дониши амиқи касбӣ, қобилияти баланди ташкилотчигӣ ва забондон бошанд, эътибори аввалиндараҷа медиҳем”.

Ёдраси шудани Пешвои миллат ба ин масъалаи бисёр ҳам муҳим чанд сабаб дорад ва яке аз сабабҳои аслияш ин мустақил расидан ба камоли фардӣ ва ё рушди шахсият мебошад. Фаро хондани шахс бо донишҳои муосир аз ҷузъиёти тарбия ва ё худ раванди худсозист. Дар ин масъала барои гумроҳ нагардидан, дар нимароҳ намондани ҷавонон Пешвои миллат басо равшану возеҳ гуфта гузаштанд. Ва моро лозим меояд, ки ин аз машваратҳои гаронбаҳо ва пуразиши Сарвари хирадмандамон баҳри рушди худ самаранок истифода барем.

Мо, омӯзгорону шогирдони кафедра, ҳар як ҳарфи Пешвои миллатро, ки худ ҳикмати  нодиру нотакрор аст, сармашқи кори худ намуда, баҳри рушду сарсабзии Ватани азиз ҷонфидоӣ мекунем.