ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ КОРҲОИ СОХТМОН ВА МАРКШЕЙДЕРИИ ДКМТ: ИЛҲОМРО КӢ САРКӮБ МЕКУНАД?

Аз шабакаҳои иҷтимоӣ дарёфтем, ки Роҳбари Паймони миллӣ – эътилофи мухолифини тоҷик Муҳиддин Кабирӣ рӯзи 12 феврал дар як нишаст дар шаҳри Вилнюс, пойтахти Литва дар мавзӯи “Ҳиҷрати маҷбурии оппозитсияи сиёсӣ аз Осиёи Марказӣ ба Иттиҳоди Аврупо ва коҳиши тундгароӣ дар байни муҳоҷирони ин минтақа: Чолишҳо ва дурнамо” суханронӣ намудааст. Конфаронси байналмилалӣ якрӯза дар мавзӯи “Осиёи марказӣ: Ислоҳот, саркӯбӣ ва радикализатсия” дар Вилнюс бо ташаббуси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо ва ду пажӯҳишгоҳи литвонӣ – Пажӯҳишгоҳи Осиё таҳқиқоти фарофарҳангӣ ва Пажӯҳишгоҳи равобити байналмилалӣ ва улуми сиёсӣ доир гардидааст. Дар Вилнюс дар ҳошияи ин нишаст ҳамчунин шаби ёдбуди Файзинисо Воҳидова, ҳомии ҳуқуқи шинохтаи тоҷик баргузор шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Илҳом Ёқубзода, раҳбари Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо ба сомонаи “Ахбор” гуфтааст, ки : “Ҳадаф аз баргузории конфаронси мазкур ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи байналмилалӣ, коршиносон, муҳаққиқон, сиёсатгузорони Иттиҳоди Урупо ба масоил ва мушкилоти Осиёи Марказӣ:-аз ҷумла нақзи мудаввоми ҳуқуқи башар, таъқиб ва саркӯби дигарандешон ва ба зиндон кашонидани онҳо, аз ҷумла дар заминаи гароишҳои ақидатӣ ва сиёсӣ, маҳдудияти бесобиқаи озодии баён, бӯҳрони фарогири сиёсӣ ва авомилу ангезаҳои тарки шаҳрвандон аз Ватан ва муҳоҷирати иҷбории онҳо ба Урупо, таъсири раванди муҳоҷират ва паёмадҳои он ба Иттиҳоди Урупо ва ҳамчунин нишонаҳое мусбат аз иқдомоти ахир дар умури мурооти ҳуқуқи инсон дар Ӯзбакистон ва асароти он дар минтақа мебошад.”

Хуб, замоне Илҳом Ёқуб худаш чун муштзан дар вилояти Суғд саркӯбӣ мекард. Акнун аз саркӯбӣ шиква мекунад. Илҳом агар ватандусти ҳақиқӣ бошад, ба Ватани худ омада меҳмонони хориҷиро бо дастовардҳои кишвар шинос кунад ба рушди иқтисодиёт мусоидат кунад. Илҳомро касе дар Тоҷикистон саркӯб накардааст!