ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ВА МАРКШЕЙДЕРИИ ДКМТ: КАБИРӢ ҲАНГОМАҶУӢ МЕКУНАД

Суҳбати охирини Кабирӣ раҳбари ҳизби мамнушуда дар хориҷи кишвар тавассути шабакаи Фейсбук ҳангомаҷу будани ин сиёсатмадорро нишон дод. Хуб, ҳадаф аз ин мулоқот чи буд? Бешубҳа, ба вуҷуд овардани афкори ҷамъиятӣ дар атрофи ҳизби наҳзати ислом ва ба ном “озодандешон”. Мо ба Кабирӣ гуфтанием, ки ғайр аз қасру кушкҳои худ оё дар Тоҷикистон як мактабе ё даромнгоҳеро сохтаи? Оё мардум аз тиҷорати ту нафъе бардоштанд. Дар мустаҳкам намудани арзишҳои дунявӣ саҳме гузоштаӣ? Ба ҷуз иғво дар минбари созмонҳои байналмилалӣ коре аз дастат намеояд. Беҳтараш, либоси корӣ пушида даст ба обокорӣ бизан, ки савоби бунёдкор калонтар аст.