ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ ДКМТ: СИТЕЗА КАРДАН БА НАФЪИ МИЛЛАТ НЕСТ

Таваҷҷуҳи кишварҳои хориҷӣ ба рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол нишонаи эътирофи низоми давлатдорӣ ва пайгирии сиёсати сулҳҷуёнаи кишвар мебошад.

Баргузории Саммити 5-уми Машварати ҳамкорӣ  ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО), ки рӯзҳои 14-15 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе дар назар аст, аз мавқеи байналмилалии пойтахти мамлакат дарак медиҳад.

Мизбони чунин як тадбири сиёсии байналмилалӣ шудани Тоҷикистон самараи сиёсати солим дар қитъаи Осиё буда, сол аз сол нуфузи кишварро боло мебарад.

Аз ин хотир, ҳамагуна ситезаҷуиҳои худро неруҳои мухолифин як сӯ гузошта, баҳри таҳкими сулҳ ва арзишҳои миллӣ саҳмгузор бошанд.