ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ КОРҲОИ КАНДАНИҲОИ ФОИДАНОКИ ДКМТ ДАР ҲОШИЯИ ТАЪСИСИ «ПАЙМОНИ МИЛЛӢ»

Албатта, таъсиси ин ё он созмони чамъияти бояд дар чахочубаи конун сурат гирад. Аммо як тудаи гурезахо дар Европа чамъ шуда созмон таъсис диханд, чи хам метавон гуфт? Таъсис ва ташкили созмони ба ном «Паймони миллӣ», ки дар Варшава, пойтахти Лаҳистон рӯи кор омад, моро ҳушдор месозад, то аз ҳифозати Ватан, марзу буми он, оромиву осудагии кишвар бори дигар андеша намоем, нагузорем, то хоинони Ватан, ба мисли Муҳиддин Кабирӣ, Шарофиддин Гадоев, Илҳом Ёқубзода ва Алим Шерзамонов  мардуми мо, алалхусус, ҷавононро ба доми фиреби хеш мекашанд, ҳар лаҳза эшонро ба хештаншиносӣ, арҷгузорӣ ба Ватани худ, ки ин ҷо хуни нофи онҳо рехтааст, садоқат ба Меҳани азиз даъват намоем!

Имрӯз, ки арзиши асосӣ ва муҳимтарин меъёри давлатдорӣ адолати иҷтимоӣ маҳсуб меёбад ва маҳз ин вижагӣ маҳаки асосии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад, бояд дар атрофи сарвари ин давлати ҳуқуқбунёд ҷамъ оем, бо ҳам кишварро ободу хуррам гардонем ва аз ҳаёти босаодати хеш шукргузор бошем, зеро мазмуну моҳияти кору пайкори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари давлат ва пешвои халқ адлу инсоф ва ғамхорӣ дар ҳаққи мардум аст.

Намунаи беназири он мулоқоти Раиси кишвар бо мардуми Бадахшони Кӯҳӣ ба шумор меояд, ки санаҳои 14,15-16.09.2018 баргузор гардид.

Меҳрубонию ғамхории Сарвари давлат ба аҳли ҷомеа беҳадду канор аст. Андеша, суханрониҳои адолатпарвари Эшон ба пири фартут ҳам ҷавонӣ ато менамояд. Гумон дорем, изҳороти мо, дар мавриди маҳкум намудани ҳаракат, андеша ва рафтори нопоки чанд тан аз зархаридони миллати тоҷик зуҳуроти адолат аст, то онҳо дар зиндагии хеш роҳи дурустро дарёбанд. Дар роҳи адолату садоқат, накӯкорӣ ва башардӯстӣ пайваста ташаббус нишон диҳанд, зеро зода ва парвардагони сарзамини Тоҷикистон ҳастанд.

Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи рохбари давлат тадбирхои ободкори дар саросари мамлакат вусъат меёбад.

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

дувоздаҳ − 6 =