Дар таърихи башарият исбот гардидааст, ки ҳастанд гурӯҳҳо ва ашхосе, ки бо ақидаҳои зиддидавлатии худ ҳамеша барои ҷомеаи ҷаҳон хатарҳо ва ноамниву норомӣ меоранд. Аслан ингуна шахсон барои ҷомеа хеле хавфнок буда, пешгирӣ аз ин гуна ақидаҳои ифротӣ тақозо менамояд, ки ҷомеа оид ба пешгирии ингуна зуҳурот бетараф набошанд.
Яке аз ҳизбҳое, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёни маънавию моддӣ ва ҳатто талафотҳои ҷонӣ овард, ин ҳизби дар Тоҷикистон манъ гардидаи ҲНИТ мебошад, ки хушбахтона имрӯз дар кишвар решакан гардидааст ва дар хориҷи кишвар истода, зери сарпарастии хоҷагонашон мисли саге ба сӯи моҳ аккос доранд, ки садояшону ҳарфашон ҳеҷ ҳам пазируфтанӣ нест. Мақсаду мароми ин ҳизби ифротгароён бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудан ва нигоҳ доштани ҳокимият, ҳамчунин бо роҳи зӯрӣ тағийр додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ин буд, ки зиракии сиёсӣ ғолиб омад ва 29.09.2015 аз ҷониби Суди Олӣ ин ҳизб ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ (экстремистӣ), терористӣ эътироф шуда, фаъолияти он қатъ гардид.
Аз худхоҳиву ҷаҳолати ин ҳизби мамнуъ ва хизматгории хоҷагони хориҷа будани ходимони ин ҳизб чандин падару модар фарзандонашонро талаф дода, заҳри ғаму ғурбатро чашиданд. Ходимони ин ҳизби ифротгаро оятҳои Қуръон ва аҳодиси набавиро ба манфиати худ истифода намуда, чандин ҷавонони гумроҳро ба доми фиреби худ кашиданд ва дар кишвари хунрези Сурияву Ироқ аз гумроҳии худ беному нишон шуданду ҷон доданд.
Халқи тоҷик ҳамеша хостори сулҳу осоиштагӣ ва амну субот аст. Ҳеҷ гоҳ роҳи ҷангу ҷидол ва ғайриқонунӣ рафтор карданро намепазирад.
Мо имрӯз бо раҳнамоӣ ва ҷонбозиҳои сарвари муаззами кишварамон сулҳу осоиштагиро ба даст овардем. Намехоҳем, ки дигар дар Ватани мо садои тиру туп ва навҳаи модари тоҷики фарзандгумкарда баланд гардад. Саркардагони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ташкилкунандагони табаддулоти давлатӣ, размандагони гурӯҳхои ДИИШ ҳама дастпарварони мактаби ин ҳизби ифрогарои ҲНИТ ҳастанд, ки беору бешараф ва хоини миллату давлатанд.
Мо халқи сулҳхоҳем. Нафрат дорем ба ин ҳизби ифротӣ ва ходимони он.
Омузгорони кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок