Дар остонаи соли нави 2019 онҳое, ки парвардаи обу хоки муқаддаси Точикистони азиз буда, фирефтаи ифротиёни бо ном ҳизби мамнуъи исломӣ гардида, тавассути расонаҳо аз хориҷи кишвар тинҷию осоиши диёрамон ва сиёсати сулҳҷуёнаи давлатамонро нодида мегиранд, натанҳо хоин, балки бешарафу беномусонеанд, ки ниқоби ғайриинсонӣ ба сар намуда, мехоҳанд мулки озоду ободамонро гирифтор гардонанд. Аммо фаромӯш месозанд, ки тоҷику тоҷикистонӣ аз имтиҳони ин тахрибкорон гузаштааст. Чашми дили ӯ, баҳри ҳифзи музаффариятҳои Ватан бедор аст. Ҷанги тахмилии кишварамон, ки тавассути ёварони хориҷии бо ном «пуштибонҳои ислом» собит намуд, ки иғвогарон якпорчагию мустақилияти комили кишвари моро намехостанд ва маҳз ин нияти нопок онҳоро дар сар буд, ки тирашон хок хӯрд.
Мо ҷавонони миллат қавл медиҳем, ки бо чашми дил содиқона ба Ватан хизмат намуда, арзишҳои миллиро боло мегузорем.