ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ИДОРАКУНИИ ДКМТ: ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Мо омӯзгорону донишҷӯёни кафедраи иқтисодиёт ва идоракунии ДКМТ аз Пешвои муаззами миллат ва роҳбарияти донишкада, ҷиҳати фароҳам овардани ҳамаи шароитҳо барои таҳсил изҳори миннатдорӣ менамоем ва сиёсати хирадмандонаи Сарвари маорифпарвари худро пайваста пайгирӣ менамоем.

Далели гуфтаҳои боло чанд рӯз қабл ба истифода додани бинои нави хобгоҳи донишҷӯён ва майдончаи варзишӣ мебошад, ки хеле дар шароити беҳтар ба истифода дода шудааст.

Ҳамчунин ёдовар шудан ба маврид аст, ки Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлолият буда, имрӯз ба як даргоҳи бузурги маърифат табдил ёфтааст.  Аз ин рӯ, мо сулҳу ваҳдатро қадрдонӣ намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳем, то дар таҳкими Истиқлолияти кишвар саҳмгузор бошем.