ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ИДОРАКУНИИ ДКМТ: ВАТАН МАЪВОИ АЗИЗ АСТ

Халқи  тоҷик аз қадим  мардумони сулҳшиору ватандӯстро ба оғӯш кашида асту ин оини неки ниёгон то кунун аз байн нарафтааст. Аслан рисолати ҳар як шаҳрванди баору номус дар он аст, ки ба хотири ҳифзу ҳимоя аз озодиву ваҳдати ягонагии халқ камари ҳиммат баста бошад. Мо ҳамон вақт бар зидди мухолифони миллат мубориза бурда, ғалаба менамоем, ки пеш аз ҳама меҳанпарвару адолатхоҳ бошем. Зеро ин силоҳест, ки синаи душманони бадхоҳу нохалафро сӯрох мекунад. Ҳадафҳои нопоки эшонро ба хок мезанад ва онҳоро мағлуб менамояд.

Гиромӣ доштани арзишҳои миллӣ ва  манфиатҳои давлатӣ пос доштану ҳифозат намудан низ имрӯз вазифаи фарзияву қарзии ҳар кадоми мост. Агар мо якдилонаву сулҳҷӯёна ба зидди нафарони бадхоҳу бадкеш мубориза барем, аминам, ки онҳоро мағлуб хоҳем сохт. Зеро агар мо майдонро барои ин ташкилотҳои иртиҷоиву ифротӣ  холӣ гузорем, он вақт боз дучори  ҳодисаи садаи гузашта хоҳем гашт.

Донишҷуёни азиз, Ватан маъвои муқаддаси ҳар як хонадон аст. Аз ин ру, ба қадри ин неъмати бузург бирасед!