Ташкили хатар ба ҷамъият аз ҷониби ашхоси алоҳида тариқи зӯроварӣ, истифодаи қувва, ба амал овардани тарсу ваҳм, вазъияти нотинҷу ногувор, муҳити хатаровар терроризм ном дорад. Мақсади асосии терроризм амали зӯроварӣ барои соҳиб шудани аҳдофи сиёсӣ ва иқтисодии ашхоси алоҳида, гурӯҳҳое мебошад, ки худро бо исмҳои мухталиф ба ҷомеа муаррифӣ мекунанд. Террористон аз номи дини мубини Ислом баромад намуда, номи ин дини муқаддасро доғдор мекунанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки “Дини мубини Ислом инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозӯъ ҳидоят намуда, ҳар гуна зӯровариро маҳкум месозад”. Бисёр ҷавонон аз бефаҳмию бедонишӣ, надонистани моҳияти амалҳои номатлуб ба гурӯҳҳои экстремистӣ ҳамроҳ гашта, зиндагии худ ва аҳли ҷомеаро табоҳ месозанд. Барои аз байн бурдани ин гуна таассубгароиҳо фикри озоду солим зарур аст.
Тоҷикистони соҳибистиқлол терроризм ва экстремизмро маҳкум менамояд. Имрӯз бояд нисбат ба ҳаракатҳои терорристӣ оштинопазир бошем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар дар Паёми навбатиашон ба парлумони кишвар таъкид намуданд: “Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст”.
Имрӯз омӯзгоронро зарур аст, ки баҳри тарбияи солими насли наврас, ҷавонони худогоҳу хештаншинос ва ватандӯсту ватанпарвар тамоми донишу маҳорат ва малакаи касбии хешро истифода намоянд, баҳри пешгирии шомил шудани ҷавонон ба сафи террористон софдилона муборизона баранд. Тарбияи насли наврас бояд аз оилаву кӯдакистонҳо шурӯъ гашта, дар муассисаҳои таълимӣ дар руҳияи ватандӯстӣ ба роҳ монда шавад. Аз ҷумла, равандҳои баланд бардоштани ҷаҳонбинии ахлоқӣ, сиёсӣ, илмӣ, маърифатӣ, ташвиқи ғояҳои ватанпарварӣ ҳамчунин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат доир ба тарбияи ҷавонон бояд ҳар зиёи кишвар, падару модар дониста шавад.