Ташкил кардани гирдиҳамоӣ дар шаҳри Берлини Олмон амали ношоистаи оппозитсияи тоҷик мебошад, ки аз номи ташкилоти ба ном “Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ” анҷом медиҳанд. Ҳамагон медонанд, ки дар Тоҷикистон ягон хел зиндонии сиёсӣ мавҷуд нест. Он маҳбусонеро, ки оппозитсияи тоҷик “зиндонии сиёсӣ” (Зайд Саидов, Маҳмадалӣ Ҳаит ва Бузурмеҳр Ёров) меҳисобанд, ҷинояткорон мебошанд ва баъди исботи гуноҳҳояшон мӯҳлати ҷазои худро адо мекунанд.
Шахсоне, ки ватанашро дӯст медорад, ҳеҷ гоҳ дар назди хориҷиён худро таъқибшудаю ҷабрдида ва бечора нишон намедиҳанд. Чунин хислат, хоси мардони асил намебошад. Ватани азизашонро бо сари баланд ва ҳурмату эҳтиром муаррифӣ менамояд.
Аҳли ҷомеаи кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ чунин амали ношоистаи оппозитсияи тоҷикро маҳкум намуда, ҷамъомади ҷинояткоронаи онҳоро намеписандад.