ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ЗАБОНҲОИ ДКМТ: ТАХРИБКОРӢ ХОСИ МО НЕСТ

Он чи дар Аврупо раҳпаймоӣ мекунанд , танҳо ба зарари ҷомеа аст, боиси изтироб мегардад.

Агар ба хотири барпо кардани давлат чӣ қадар ҷоннисориҳо шуда бошад, барои ҳифз кардан, дар амну осудагӣ ва рушду тараққӣ нигоҳ доштани давлат, сарфи на камтар аз он зарур аст. Хатарҳое, ки зидди осудагии як миллат, барои ба гирдоби бало андохтани он тарҳрезӣ мешаванд, зуҳуроти тасодуфӣ ё бетартибона нестанд. Дар асоси нақшаҳои муайян коркардшуда, аз ҷумла таҷрибаи хадамоти махсуси давлатҳои манфиатдор ва амалияи дастандарканорони ҳамин гуна аъмол дар минтақа ва ҷаҳон роҳандозӣ мегарданд. Эътироф бояд кард, ки тахрибкорӣ, ноором сохтани як давлат, бесаранҷом, бесарусомон кардани як миллат вобаста ба тақдир ё чизи тасодуфӣ нест. Терроризм, экстремизм, дигар намуди тахрибкорӣ ба муқобили ҳар кадом субъекти муносибати байналхалқӣ,  давоми сиёсатихориҷии кишвари муайян бо роҳ, усул ва методҳои дигар мебошад. Дар он маҷмӯи имконоти давлати ташаббускор, пеш аз ҳама, захираҳои ақлонӣ ва амалии он истифода мешаванд. Бе донистани моҳияти ҷавҳари чунин тахрибкорӣ, ғаразҳои аслии аъмоли душман, раванд ва қонуниятҳои он, мубориза бо чунин зуҳурот номумкин аст. Дар муқобили доноӣ ва амалкарди бадхоҳон, фақат тавассути такя кардан ба илм, маърифат, усули шинохти аъмоли зиддимиллӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва истодагарии мақсаднок ғолиб омада метавон.

Аз ин хотир ороми ҷомеаро афзал дониста ҳама гуна тахрибкориро маҳкум менамоем.