ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ЗАБОНҲОИ ДАВЛАТӢ ВА ХОРИҶӢ: РОҒУН АХТАРЕ АЗ ЗАМИН

Сокинони шарафманду бонангу ори Тоҷикистони азиз имрӯз шоҳиди боз ҳам як рӯйдоди фараҳбахш ва манфиатбори таърихӣ гардиданд. Тавассути сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон имрӯз ба беҳтарин кишвари ободу осуда мубаддал гардидааст. Мо дар ин давра шоҳиди бузургтарин созандагиву ободкориҳо гардидем, ки инро миллати тоҷик асрҳои аср дар дил мепарварид.  Ва албатта имрӯз тамоми тоҷикистониён ва тоҷикони ҷаҳон ҷомаи сабзи худро ба бар кард. Зеро кишвари соҳибистиқлоламон бо ташаббус ва ҳидоятҳову талошҳои рустамонаи Пешвои муаззами миллат ба як нуристони қалби сайёра табдил ёфт. Тоҷикистон ва тоҷикистониён имрӯз саодат ва хушнудии худро тачлил менамоянд. Таҷлил аз бахти баланд ва саодати абадӣ, миллатро муваффақ гардонид.

Бо истифода додани агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” тоҷикистониён дубора исбот намуданд, ки метавонанд арзандаи ин сарзамини биҳишсон бошанд. Пешвои муаззами миллат бо бунёди Роғун ба ҷаҳониён нишон доданд, ки мешавад ситораи пурҷилоро, ки аз замин нурафшонӣ мекунад, дид.  

Мо мардуми шарафманди Тоҷикистон аз амалҳо, шуҷоат ва далериву мардонагии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле сипосгузор буда, ин неъматҳоро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз менамоем.

Имрӯз шодиву нишоти тоҷикистониёнро ҳадду канор нест.