Дар ҳамин даҳсолаи охир фаъолияти хоинонаи аъзоёни ТТЭ ҲНИ тағйир ёфта, аксарияти душманони миллати тоҷик ба хотири гумроҳ намудани насли ҷавон ва махсусан қишри осебпазири ҷомеа ҳар гуна сомонаҳо ташкил намуда, мехоҳанд бар миллати тоҷик бештар зарар расонанд.
Наҳзатиёни малъун дар хориҷи кишвар паноҳ бурда, бо дастгирии молиявии хоҷагони хориҷияшон ҳар рӯз садҳо тӯҳматномаҳои бардурӯғ ва иғвобарангезро дар сомонаҳояшон нашр мекунанд, мақсад аз ин гумроҳ кардани миллат аст.
Ин наҳзатиёни палид барои хиёнат ва душманӣ варзидан бар миллати тоҷик кӯшиш менамоянд, ки мақоми кишварро дар арсаи байналмилалӣ паст намоянд ва аз ин ҳисоб хоҷагони хориҷияшонро хурсанд созанд.
Ин рафтори номардонаву ноодилонаи палидони наҳзатиро намешавад таҳаммул кард, зеро ин амалҳо ба рафтори инсони солим ҳеҷ дуруст намеояд.
Мо устодони кафедра ин рафтори хоинони миллати тоҷикро маҳкум намуда, наҳзатиёни палиду душманро тоифаи рӯҳан носолим меҳисобем.