Дар чанд соли охир кишвар ободу зебо гардида, шароити зиндагии мардум беҳтар гардид. Сифати зиндагӣ ба дараҷаи баландтаре расид. Аммо ҳоло ҳам ҳастанд, кӯрдилону кӯрбовароне, ки ба пешрафту тараққиёти кишвар таваҷҷуҳ наменамоянд ва аксар вақт ба танқиди кӯркорона пардохта дастовардҳои миллатро нодида мегиранд, ки аз рӯйи адолат нест.
Мисоли чунин гурӯҳҳои нотавонбин аъзоёни ТЭТ ҲНИ шуда метавонанд, ки аз рӯз то шаб ба тарғиби ғояҳои террористиву экстремисӣ пардохта, ҷавононро гумроҳ кардани мешаванд.
Ҳатто аксарияти ҷавонон хабар надоранд, ки чӣ тавр ин наҳзатиёни палид солҳои 90-ум бо супориши давлатҳои хориҷӣ ва хоҷагони хориҷияшон миллатро сарсону саргардон ва бахтро аз мардум гирифта буданд.
Имрӯз фурсате расидааст, ки имкониятҳои муқобила бо ҳукумат ва роҳҳои сармоягузорон ба ТЭТ ҲНИ ва ҳамкориҳои ТЭТ ҲНИ бо созмонҳои террористиро ба миллат ва насли ҷавонаш бигӯем ва ҳар як амали террористиро, ки аъзоёни ТЭТ ҲНИ анҷом додаанд, шарҳу тавзеҳ диҳем ва чеҳраи манфури ин малъунонро ошкор созем.