ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА ЗАБОНҲОИ ХОРИҶИИ ДКМТ: ТТЭ ҲНИ ДОМЕСТ БАРОИ ҒАФЛАТЗАДАГОН

Дар шароити муосир ҷомеа  бо хатарҳое рӯ ба рӯ мегардад, ки ин хатарҳо на танҳо ба амнияту суботи кишварҳои алоҳида, балки ба ҳамаи давлатҳои курраи замин новобаста аз дину мазҳаб таҳдид мекунанд. Ба ақидаи коршиносони соҳа,  як қатор омилҳо чун  сарчашма ва заминаи афзоиши терроризм ва экстремизми динӣ, яъне падидаи хавфноки замони муосир ҳисобида мешавад.

Нахуст, шомилшавии ҷавонон ва наврасон ба ҷараёнҳои экстремистии динӣ, афзоиши ақидаи фундаменталистӣ дар байни онҳо ва тағйир додани мафкураи ҷавонону наврасон мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири иштироки фаъолона дар самти мубориза ба муқобили хатарҳои ҷаҳони муосир “Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2016-2020”-ро таҳия ва қабул намуд. Тибқи ин барнома тайи чанд соли охир, дар кишвари мо байни ҷомеъа корҳои зиёди фаҳмондадиҳӣ ва профилактикӣ ташкил карда шуданд. Дар натиҷа нафарони зиёди гумроҳ аз сафҳои гурӯҳҳои террористӣ аз хориҷи кишвар ба ватан баргардонида шуданд.

Ба доми фиреби ТТЭ ҲНИ танҳо нафарони ғафлатзада шомил мешаванд. Аз ин хотир байти Саийдо ба маврид аст, ки то як фарзандро ба камол расонидан боғбон хуни ҷигар мешавад:

   Хун мехурад зи тарбияти ғунча боғбон,

   Ин тифлро мабод худо бепадар кунад.