ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ГЕОЛОГИЯ ВА НАФТУ ГАЗ: ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҲИКМАТИ АСР АСТ

Аз суханронии Пешвои муаззаму меҳанпарвару маорифпарвари худ, ки бахшида ба Рӯзи дониш садо доданд, як ҷаҳони нав ва як олам таассурот бардоштем. Албатта, на ба ҳама даст медиҳад, ки дар асри ҳозир аз чунин дурри маънӣ баҳраёб гардад. Зимни суханронӣ Сарвари хирадманду дурандешамон аз нуктаҳои муҳиме барои насли ҷавон ёдрас шуданд, ки аз он порае ин ҷо барои боз ҳам равшан шудани чароғи роҳи ояндаамон меорам:

“Даҳсолаҳои охир баъзе доираҳои манфиатҷӯй исломро ҳамчун омили муборизаи сиёсӣ истифода карда, боиси бадномии дини ислом ва мардуми мусулмон шуда истодаанд.

Мо чунин кӯшишҳои сиёсисозии дини мубини исломро ҳамеша маҳкум мекунем ва бар зидди хурофот ва таассуби динӣ мубориза мебарем. Чунки хурофот садди роҳи пешрафт мебошад ва мо оқибатҳои ин раванди хатарнокро дар мисоли баъзе кишварҳои минтақа дида истодаем.

Гузашта аз ин, хурофот-ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат, ки бесаводиву бемаърифатӣ асоси он мебошад, сабаби ҳамаи бадбахтиҳо ба ҳисоб меравад”.

Албатта, дар ин масъала бояд нозукбин буд ва он чиро, ки Пешвои муаззами миллат таъкид доштанд, ҳатмӣ ва саривақтӣ ҳисобид.

Қайд кардан ба маврид аст, ки суханронии Пешвои миллат худ як олам ҳикмату андарзи асри нав мебошад.

Мо, низ аз ин паёми Пашвои миллат, дурри гарони маънӣ бардошта, барои боз ҳам беҳтар шудани маърифат ва зиракии сиёсии насли ҷавон талош мекунем.