Тайи чанд рӯз мешавад, ки дар кишвар ҳолати ногуворе пайандоз гардидааст. Ин ҳам бошад аз ҷониби нерӯҳои Қирғизистон барангехтани низоъ ва тирпаронӣ бар тарафи сокинони осоишта мебошад. Албатта ин амали ҳамсояи мо хеле нодуруст аст. Ҳарчанд дар чандин даҳсолаи ҳамсоядорӣ ва дӯстӣ мо мардуми тоҷик ҳаргиз бар ҷониби қирғиз санг напартофтаем, тирпаронӣ он тараф истад.
Ҳамеша мо мардуми тоҷик бо ҳамсояҳои худ аз рӯйи мақоли “Ҳамсоя ба ҳаққи худо баробар” муносибат намуда, талош кардаем, то ҳамсояи хешро наранҷонем. Вале он чи имрӯз дидаистодаем, хеле нороҳаткунанда мебошад.
Ба ҳамин хотир, мо ҳамсояҳои қирғизи худро низ даъват менамоем, ки мисли мо дар муносибат ва дӯстиву ҳамсоядорӣ устувор бошанд. Ва ҳаргиз ин аҳдро нашикананд. Ҳамсоядорӣ ҳам аз рукнҳои волои фарҳанг мебошад.