ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ГЕОЛОГИЯ ВА КОРҲОИ НАФТУ ГАЗИ ДКМТ: ОЗОДИИ ДИНУ МАЗҲАБ ДАР ТОҶИКИСТОН МАҲДУД НЕСТ

Созмони ғайриҳукуматии байналмилалии Хю́ман Райтс Вотч (Дифо аз ҳуқуқи инсон) рӯзи 17 январ хабареро таҳти унвони “Дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон: бад буд, бадтар шуд” интишор намуда, дар он гӯё боздошту зиндонӣ шудани рӯзноманигорон, ҷонибдорони мухолифин, хешовандони онҳо, фишор ба сари дигарандешон озодии гирдиҳамоӣ, озодии сухан ва озодии дину мазҳабро дар Тоҷикистон чун поймолшудани вазъи ҳуқуқи инсон, саркӯб шудани озодии ӯ қаламдод менамояд.

Аммо ба риштаи таҳлил кашидани авзои ҳуқуқӣ дар кишвар ба кадом хотир аст? Ба хотири ҳимояи дастаи авбошони ТТЭ ҲНИ? Ва ё бадном кардани вазъи ҳуқуқи инсон дар маҷмуъ?

Арзи ҳастӣ намудани масҷидҳо, донишкадаи исломӣ, фаъолияти сомзмону ҳизбҳои сиёсӣ ва нашрияҳои мустақил дар Тоҷикистон гувоҳи он аст, ки озодии дину мазҳаб ягон маҳдудият надорад. Дар чаҳорчубаи қонуни мамлакат ҳар сокини мамлакат фаъолият бурда метавонад.