Дар шароти имрӯза авзои иқтисодии на танҳо ҷумҳурии мо балки тамоми ҷаҳон муташанниҷ гардидаву баъзе аз масъалаҳои дигар ба мисоли амалҳои номатлуби гурӯҳҳои ифротгарою иртиҷоии терористон бо вуҷуди пешгирӣ намудан, вақтҳои охир каме авҷ ёфтааст. Ин ҳама сабаби он гардидааст, ки дар байни мардум, ақидаҳои бемаънӣ пайдо гардида, ин масъала аз тарафи дигар боиси бекор мондани муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷаи кишвар шуда истодааст. Ва маҳз ҳамин зуҳуроти номатлуб, ҳам ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва ҳам ба мафкураи ҷомеаи ҷаҳонӣ халал ворид менамояд.
Маврид ба зикри хос аст, ки имрӯз бояд ҳар кадом аз шаҳрванони баору номуси кишвар бо ҳисси баланди ифтихор аз Ватану ватандорӣ намуда, амалҳои номатлуби нафароне хиёнаткору бадрафторон ва кӯрнамаконро маҳкум намоем. Нагузорем, ки ин нохалафон, наҳзатиёни мухолиф ҳадафҳои нопоки хешро бо воситаи мо амалӣ созанд ва аз номи шаҳрвандони бегуноҳи кишвар дар ҷомеа доғ гузоранд. Макони ин наҳзатиҳои дар ба дару ғулом, ки мамлакатҳои ғарб гаштааст, аз ҳамон макон садо баланд карданӣ шудаанд, яъне ба ҳар восита ақидаҳои нопоки хешро расонаӣ ва таблиғ кардаанд.
Изҳор менамоем, маърифати кофии сиёсии мо ҳаргиз ба роҳ додани доми фиреб ва таклид ба фарҳанги бегона намешавад.