Баробари воқиф шудан аз тасмимгариҳои ташкилоти манъшудаи террористии ТТЭ ҲНИ оид ба барпо намудани тазоҳуроти бесамар дар хориҷи кишвар, мо аҳли омузгорони кафедра басо ошуфтахотир шудем. Чунки бо баргузории анҷуману гирдиҳамоиҳо ин пайравони ҳизби наҳзати ислом танҳо тухми кизбу адоватро мекоранд.
Аммо мардуми Тоҷикистон дигар ба ҳарзагуиҳои ҷонибдорони ТТЭ ҲНИ гуш намедиҳад. Боварии комил дорем, ки халқи меҳнатқарини тоҷик ба қадри ободӣ, созандагӣва бунёдкорӣ ҳар хишти девори Тоҷикистони соҳибистиқлол мерасад ва имрӯз насли созандаю тавоно барои ҳифзи истиқлолияти Тоҷикистон ақл, заковат, имон, виҷдон ва ҳушёрии сиёсии худро аз даст намедиҳад.
Рисолати имрузаи зиёиён аз он иборат аст, ки дар фаъолияти ҷамъиятие, ки бо ҷомеа сару кор мекунад қиммати озодӣ ва ҳифзи истиқлолиятро дарк кунонад ва дар раванди таълим дар муассисаҳои таълимї зиракии сиёсии шогирдонро бедор кунад ва бо назардошти тамоми нерўву имконияти худ ба ҷомеаи имрӯза нафъ биёрад. Зеро барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа, одобу ахлоқ ва солимфикрии шогирдони зиёии имрӯза бояд раҳнамо бошад.
Дар самти тарбияи сиёсии ҷавонон саҳмгузор хоҳем шуд.Ва таъкид менамоем, ки ҳама гуна тазоҳуроти ғайриқонунӣ самар надорад.