ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ГЕОЛОГИЯ ВА КОРҲОИ НАФТУ ГАЗ

ДАР ҲОШИЯИ навори  бозгашти   АЁМИДДИН САТТОРОВ – ЯКЕ АЗ АСОСГУЗОРОНИ ҲНИТ БА ТОҶИКИСТОН

Имрўҳо аҳли кормандони омузгорони кафедраи мо навори  бозгашти   АЁМИДДИН САТТОРОВ – ЯКЕ АЗ АСОСГУЗОРОНИ ҲНИТ БА ТОҶИКИСТОН –ро мавриди муҳокима қарор дода аз амалҳои пушаймонии ин муйсафед тарафдори мекунанд. Ана акнун воқиф мешавем, ки дар арсаи сиёсат ТТЭ ҲНИ ба чи корҳо машғул будааст.

 Абарқудратҳо барои талош ва ишғоли ҳарчӣ бештари минтақаҳои геополитикӣ равияву гурўҳҳоеро созмон додаанд, ки мутаассифона аз\ зеҳну рўҳу қувваи ҷавонони ноозмуда ба манфиату ғарази худ истифода мебаранд. Мисолҳои зиёдеро аз воқеаҳои хунини Ховари Миёна метавон овард, ки махсус ҷавонон ба гирдоби фиребу ғарази гурўҳҳои табаҳкор афтодаанд.

Агар сидқан сафи аъзоёни гурўҳҳои даҳшатафкан ба синну сол ҷудо карда шавад, дақиқан метавон шоҳид шуд, ки аксари онҳо ҷавононанд. Ҷавононе, ки ҳанўз лаззату рангинии дунёро надидаанд. Ҷавононе, ки падару модаронашон оҳи ҷигарсўз дар сина доранду онҳо бошанд, даст ба террору қатлу ваҳшоният зада истодаанд. Аммо дар қиболу чунин гирудори ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки таҳти сиёсати пешгирифтаи Президентамон Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба сўи ободкориву созандагӣ, иттиҳоду ҳамбастагӣ ва гулгулшукуфии Ватани азизамон раҳнамун созад. Таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон ва хатми ҷанги шаҳрвандӣ, ки худ як институти замонсолорӣ ва сиёсатмадории баргузидаи Пешвоямонро нишон медиҳад, як мавзўъи алоҳидаест, ки то ба кунун борҳо муфассирону муҳаққиқони сатҳи ҷаҳонӣ пиромуни он гуфтаанд. Ба қарибӣ гуфтоварди як ҷавони фаъоли ҷамъиятии Афғонистон маро ба андеша фурў бурд.

-Агар Худованд ба кишвари мо мисли Эмомалӣ Раҳмон сарваре медод, бешак кайҳо дар ватани мо низ сулҳ пойдор буду кўдакони мо ба ҷои тўп садои алларо мешуниданд,-гуфта буд мавсуф. Ин ҳарфҳояш ҳаводисеро ба хотирам меорад, ки имрўз баъзе ҷавонони миллати мо бо вуҷуди он ки дар кишвари азиз оромиву ободӣ ҳукмфармо аст, бо буҳтонбофию дурўғ дар кишварҳои Ғарб худро ҷабрдида нишон медиҳанд, то ки мақоми паноҳандагӣ дарёфт намоянд. Афғонистонро фаҳмидан мумкин, ки онҷо ҷанги дохилӣ идома дорад ва мардум осуда зиндагӣ карда наметавонанд. Аммо дар ҳоле ки кишвари мо саршори сулҳ аст, магар камоли ношукрӣ нест, ки ба чунин давлат ва ба хусус Пешвое, ки ҳатто дигар миллатҳо орзуяшро мекунанд, хиёнат намоем? Тавре огоҳем ба сари миллати афғон тақрибан чил сол аст, ки ба ҷои борон тир меборад. Халқияту миллатҳои ин сарзамини ҷангзада пароканда дар чор акнофи дунё шудаанд ва имрўз дар дохили Афғонистон гурўҳу гурўҳчаҳои зиёди силоҳбадаст хоби оромро аз қалбу рўҳи мардум бурдааст ва мардуми ин кишвар орзу доранд, ки сарваре чун Эмомалӣ Раҳмон дошта бошанд. Неъмати Худованди меҳрубон аст, ки ба сари миллати тоҷик ба мисли фариштаи наҷот Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон истодаанд ва аз ин лиҳоз метавон умедвор шуд, ки то замоне чунин сарчашмаи хиради азалӣ бо мост, ҳеҷ гоҳ ягон гурўҳи ифториву террористӣ наметавонад, ба сафи муҳками мо рахна занад. Раҳпаймоии осоиштаи ҷавонон дар Рўзи ҷавонӣ бори дигар собит сохт, ки ягон қувваи аҳриманӣ наметавонад ин оромиши абадиро аз меҳвари зиндагии Тоҷикистони азиз бигирад. Тўли солҳои истиқлолият борҳо шоҳид шудем, ки Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми пешомадҳои ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз нахуст бо нерўи ҷавонон машварат мекунанд, ба пешниҳоду дархостҳои онҳо сидқидилона гўш менадозанд. Ҳамеша такя ба қувваи бузурги ҷавонон кардани сиёсати Пешвои миллат мазмуни воқеан нерўи пешбаранда ва азими ҷомеа будани ҷавононро нишон медиҳад.

 

А.Олимов, дотсент, мудири кафедраи геология  ва корҳои нафту газ

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

12 + ҳаждаҳ =