ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ГЕОЛОГИЯИ ВА КОРҲОИ НАФТУ ГАЗИ ДКМТ: ГАДОЕВРО АФСУН КАРДААНД!

Ҳодисаи ибрози ақидаи Шарофиддин Гадоев дар Аврупо моро ба ҳайрат гузошт. Ба назди волидон ва сарзамини худ баргашта изҳори пушаймонӣ намуда, боз мақоми гурезаро пардапуш карда дастагули туҳматро партофтан чӣ маъно дорад?

Сохтам чун шона номи зулфи ӯ вирди забон,

Охир аз афсун дамидан ром кардам мор ишқ

Ба ин ҳангомаи сиёсӣ Шарофиддин Гадоев дар Аврупо худро вирди забонҳо карданӣ шуд. Аммо бехбар аз он ки кайҳо аз ҷониби сиёсатмадорони мақомотҳои ҷосусии кишварҳои хориҷа афсун карда шудааст ва ба мисли мори ромшуда ба “гастрол” ба Тоҷикистон омаду гуё рисолати худро анҷом дод.

Аммо арзишҳои муқаддаси миллӣ ба мисоли Ватан-модар, миллат, мулки обод куҷо шуданд? Наход афсуни зархаридон шуда чун мори ромшуда ба сурнайи  хориҷиҳо рақс кунад. Ҳайфи фарзанд ва обу хоки Тоҷикистон, шавӣ!