ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ВАРЗИШ ВА МУДОФИАИ ШАҲРВАНДӢ: ҶАВОНОН БОЯД НАЙРАНГҲОИ НАҲЗАТИЁНИ ПАЛИДРО ХУБ ДАРК КУНАНД!

Дар чанд соли фаъолияти хеш ТЭТ ҲНИ фақат бо дасисабозиву найрангҳо ба дили мардум роҳ ёфта талош намуд, ки ба ҳамин васила то ба охир равад ва ҳар қадар ки метавонист аз боварии мардум истифода намуда, мардумро гумроҳ сохт. Онҳо хиёнатҳои худро зери ақоиди диниву мазҳабӣ пинҳон намуда, ҳамеша даст ба хиёнат мезаданд ва ҷавононро ба роҳҳои ифротӣ роҳнамоӣ мекарданд.

Аксарияти ҷавонони гумроҳ ва имрӯз сарсон ҳам маҳз ба воситаи дасисаву найрангҳои аъзоёни ТЭТ ҲНИ, ки ҳадафашон иҷро намудани супориши хоҷагони хориҷияшон буд аз зиндагии осодаву ширин маҳрум гардиданд ва дар ҳайати гурӯҳҳои тундрав ҷони худро аз даст доданд. Ҳоло бошад Кабирии лаин бо дигар наҳзатиёни палид мехоҳанд ҳамин корашро идома диҳад ва қишри ҷавонро гумроҳ созад.

Наҳзатиёни палид ва бетарбияву ифротгаро ба хотири чанд пул аз баҳри худу арзишҳои миллӣ гузашта, ҳуввияти худро бар хоҷагони хориҷияшон фурӯхтанд. Ва акнун мехоҳанд то ба охири умр супориши онҳоро иҷро намоянду ба ватани худ ва миллати худ хиёнат кунанд. Наҳзатиёни террорист, ҳаргиз дар фикри ободии ватан набуда, фақат аз дастовардҳои даврони истиқлол интиқод мекунанд ва нороҳат мешаванд, ки Тоҷикистон рӯз аз рӯз ободу зебо мегардад.

Наҳзатиён барои худро маҳбуб сохтан аз найрангҳо васеъ истифода мебаранд, то аксарияти мардумро гумроҳ намоянд. Аз ин рӯ, ҷавонро лозим аст, ки аз найрангҳои наҳзатиёни касиф огоҳ бошанду худро аз коми балои наҳзатиёни террорист эмин нигоҳ доранд.