ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ВАРЗИШ ВА МУДОФИАИ ШАҲРВАНДӢ: ТЭТ ҲНИ ҲУҚУҚИ ИНСОНРО ПОЙМОЛ МЕНАМОЯД!

Новобаста аз сатҳи маърифат ва дониши мардум имрӯзҳо гурӯҳҳои ифротӣ ва махсусан наҳзатиёни расво талош менамоянд, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳои хеш шаҳравандонро ба сӯи гумроҳӣ баранд. Мақсади аслии наҳзатиёни террорист ва гурӯҳҳои дигари ифротӣ фақат аз байн бурдани суботу оромӣ буда, онҳо барои ба қаноатманд намудани хоҷагони хориҷияшон  аз тамоми имкониятҳояшон истифода менамоянд.

Ин албатта аз як тараф поймол намудани ҳуқуқи инсон аз тарафи ТЭТ ҲНИ ва аз тарафи дигар мудохили ба ҳаёти шахсии мардум мебошад, ки бояд созмонҳои байналмилалӣ ба ин масъала расидагӣ кунанд. Зеро ягон созмоне берунӣ ҳақ надорад, ки ба ҳаёти шахсӣ ва зиндагии мардуми осоишта мудохила намояд.

Ҳамаи ин амалҳои ифротиёни наҳзатӣ қонуншиканӣ буда, бояд дар меъёрҳои қонунгузорӣ баррасӣ шаванд. Мо талаб менамоем, ки ТЭТ ҲНИ бояд бо тамоми аъзоёнаш аз иғвоангезиву дурӯғпардозӣ даст кашад ва дигар ба суботу оромии мардум халал нарасонад.