ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ВАРЗИШ ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ: БА ҚАДРИ СУЛҲ БОЯД РАСИД

Соли 1994 мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд. Худи ҳамон сол Конститутсияи (Сарқонуни) нави Тоҷикистон қабул шуд, ки он Тоҷикистонро давлати ҳуқуқбунёд, соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ ва ягона эълон кард. Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахси қавлу амал ва сиёсатмадори дурандеш бо ҳиммати олӣ дар роҳи таҷаддуди кишвари бостонии тоҷикон ва бақои давлати тозабунёди хеш дар ҷодаи эҳё ва бузургдошти муқаддасоти миллӣ, пойдории сулҳу ризоият дар саросари мамлакат ва таҳкими муносибатҳои дӯстона бо аксар кишварҳои дунё, воқеан, диловарӣ ва қаҳрамониҳои беназире аз худ ба зуҳур оварданд.

Зумраи олимон бар он андешаанд, ки шахсият дар дигаргунсозиҳои куллии мамлакат нақши муҳим намебозад, вале мо дар давоми бист соли ҳастии Тоҷикистони навин шоҳиди барҳақ гардидем, ки Эмомалӣ Раҳмон чун роҳбар ва сиёсатмадори типи нав дар равандҳои таърихии тақдири мамлакат нақш ва мақоми ҳалкунандаро ба иҷро расониданд, ба Ватани мо сулҳ оварда, ба ташнакомони зиндагӣ оби ҳаёт ҳадя карданд, то ки мамлакат аз асорати нобудӣ наҷот ёбад, хавфу хатари барҳам хӯрдани Тоҷикистон аз байн биравад, оташи ҷанги бародаркуш хомӯш карда шавад, тоҷикони мусофиру парешони иҷборӣ ба кишвари худ баргарданд ва соҳибватан бишаванд, ба мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як ҷаҳон ақлу заковат, ҳиммату хирад, ҷасорату диловарӣ лозим омад, ки ҳамаи ин вазифаи сангинро сарбаландона ба иҷро расонанд.

 

Дар ҳамин гуна вазъияти муташанниҷ Эмомалӣ Раҳмон тамоми нерӯҳои солими мамлакатро муттаҳид намуда, роҳҳои мусолиҳаи миллиро ҷустуҷӯ мекарданд. Маҳз бо ибтикори мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссияи оштии миллӣ ташкил карда шуд, ки ба он аз ҳар ду тараф аъзои фаъол дохил шуданд, то ки масъалаҳои мубрам ва доғи созишҳои тарафайнро муҳокима намоянд. Бо супориш ва иштироки бевоситаи мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комиссияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мухолифини муттаҳидаи тоҷик даҳ маротиба дар мамлакатҳои гуногун гуфтушунид карданд ва дар ин даҳ давра тадриҷан масъалаҳои ҳаётан муҳими миллат ва давлати Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва ҳал қарор меёфтанд, қарорҳо ва протоколҳои тақдирсоз қабул мешуданд. Шахсан Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар сатҳи олӣ дар бораи оштии миллӣ шаш маротиба мулоқоти судманд ба ҷо оварданд.

Ана ҳамин сулҳи беназирро мо бояд эҳтиёт кунем ва ба қадри он бояд бирасем.