ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ВАРЗИШ ВА МУДОФИАИ ШАҲРВАНДИИ ДКМТ ОИД БА ПАЙМОНИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Дар саҳифаи интернетии Фейсбук андешаҳои Сайидюнуси Истаравшанӣ оид ба Анҷумани озодандешон, Паймони Милли Тоҷикистон ва ҲНИ хонда норизо шудем.

“Дар яке ду соли ахир, ки гоҳе бо ҷаноби Муҳиддин Кабирӣ баҳсу гуфтугӯҳое мекардам, дидам эшон ҳам ин таҷдиди назарҳои решаии Ихвонро мепазирад ва балки болотар аз ин, мӯътақид аст марҳум Устод Нурӣ хеле барвақттар аз амсоли Рошид Алғаннушӣ, ки дар ин хусус китобе ҳам аз ӯ мунташир шудааст, ин идеяро ба хусус дар поёнҳои умри шариф худ матраҳ карда будааст.Ҳоло ин таҷдиди назар дар ҳадаф, кадом аст? Хеле ба сурати кӯтоҳ ва дар яке ду ҷумла баён медорам, зеро ин мақола гунҷоиши тафсили онро надорад. Ва он ин ки: агар то замони баҳори арабӣ, ин ҷамоат мӯътақид ба барпоии ҳукумати исломӣ буд, аммо ҳоло бовараш ин аст, ки асосан ниёзе ба барпоии ҳукумати исломӣ дар кишварҳо исломӣ нест, зеро агар ҳадаф аз барпоии ҳукумати исломӣ “барқарории адолат” дар ҷомеа бошад ҳамон тавр ки Қуръони Карим мефармояд, ин ҳадафро метавон бидуни барпоии як ҳукумати исломӣ ҳам пиёда кард. Манзур аз ҳукумати исломӣ, яъне ҳукумате, ки қавонинаш қавонини исломӣ аст.”

Паймони миллиро аз ҳадафҳои Ҳукумат боло бардоштан дар назари С.Истаравшанӣ боиси баҳс ва нафрат аст. Бешак, ин мақола дар зери таъсири охундҳои эронӣ нашр шудааст.

Мо ҷонибдори дар Тоҷикистон расман фаъолият намудани ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ дар чаҳорчубаи қонун мебошем.