Ҳамагон хуб медонанд, ки дар рӯзи охир миёни сокинони наздисарҳадӣ муноқиша сар зад ва бештар дар он сокинони кишвари қирғиз гунаҳкоранд, ки сабабгори муноқишаву низоъ ҳастанд. Зеро ин нафарон беҳудаву бегуноҳ сокинони осоиштаро зери ҳамлаи худ қарор медиҳанд, ки ин аз рӯи адолат ва муносибати ҳамсоядорӣ дуруст нест.
Сокинони кишвари ҳамсоя бояд бидонанд, ки ин масъала ҳалли худро меёбад ва онҳо ҳатман аз корҳои кардаи худ пушаймон хоҳанд шуд ва ё ба ибораи дигар бигӯем онҳо бояд, аз сояи мушти тоҷики худро эмин доранд, зеро оқибати нек надорад.
Мо то ба имрӯз ором истодем ва хеле ҳам хуб мушоҳида намудем, ки чӣ тавр ҳамсояҳо амалҳои нодурустро нисбати мардуми оддӣ раво мебинанд ва акнун бояд ҳушдор дод, ки мо тарафдори дӯстиву рафоқат ҳастем, агар ҷониби дигар майл бар ин дорад.
Мо устодони кафедра рафтори нодурусти ҳамсояҳоро маҳкум намуда, сулҳу дӯстиро мароми ҳамешагии хеш медонем.