Дар як ғазали Соиб байтеро дучор омадам:
Ба мева коми ҷаҳон гар намекунӣ ширин,
Чу сарву бед ба ҳар ҳол соягустар бош.
Зимнан, тоифае ба дасисаю иғво даст зада ҳаёти моро талх месозанд. Дастовардҳои истиқлолиятро ба чашми кам дида, аз нуқсе дар ҷомеа фил месозанд ва ҳангома ороста, ҷайби мардумро ба санги маломат пур мекунанд.
Шоир мефармояд, ки аз меваат коми касеро ба ширинӣ нарасонӣ, ақалан чун дарахти сояафкан бош.