Кишвари мо дар роҳи саодат аст, ки мардум бо зимомдорони худ якдилу якҷиҳат мебошанд ва ҳаммаи ин дасисабозиҳои ҳизбҳои сиёсии ғайри қонунӣ ҳеҷ аст.
Сазои хиёнат ба ватан агар ба дасти дўст дода нашавад ба дасти душман дода хоҳад шуд ва инро мардуми тоҷик хоҳандид.
Як рўзи зиндагӣ равшан аст ва рўзи дигар торик; аз рўзҳои равшан он қадар нур бигирем, ки дар рўзҳои торик равшани бахшад, пас биёед ҳамфикру ҳамақида бошем барои баланд бардоштани номи тоҷик дар арсаи ҷаҳон.
Бадбахтиҳои ба сари миллати тоҷик омада ҳама аз чашмпўшӣ ва гузаштҳои беҷои сарварони ҳамонваќта буд ва ин асоси дасисабозиҳо гардида аст аммо мардуми имрўзаи тоҷик на он мардуми даҳсолаи охири асри бистанд.
Ба умеди фикр, кўшиш ва аҳлии миллати худ бошед на интизори бахтории бегонагон ба миллат.