Дар шабакаи иҷтимоӣ як хабарнигори Восток-Нюз бо номи Сиддиқи Акбар, ки ашхоси пастфитрат тибқи дастуру барномаҳои таҳмилшуда ва нақшаҳои бадвоҳимаю фитнаангези ТЭТ ҲНИ ва хоҷагони хориҷиаш мехоҳад дар дили мардум шарифи Тоҷикистони орому осуда ва сулҳовар, байни мардумони бофарҳангу худшиносу худогоҳаш зиддияту нифоқу кина барангезад. Аммо фаромӯш набояд кард, ки мардуми шарафманду заҳматпешаи тоҷик як маротиба гирифтори чунин дасисаву шиорпартоиҳо гардида, ин таҷрибаи талхро дар ҷисму ҷони худ озмуда буданд. Ин ҷо чанд нукта хеле ҷолиб аст, ки ин хабарнигори ивғоангез тавқи ғуломӣ дар гардан доранд, аслан моҳияти нақша ва ҳадафҳои ТЭТ ҲНИ-ро амиқ намедонад, ки онҳо гирифтори ҷаҳломези мураккабанд.
Яқин аст, ки гурӯҳҳои тундраву ифротии зери сарпарастии ҲНИ ва роҳбари нокомшудаи он М. Кабирӣ мехоҳанд боз ба майдони сиёсӣ ворид шуда, фазои ороми ватани маҳбуби моро ноором созанд. Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳад, ки дар замони муосир экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дошта, барои ин гуна зуҳурот сарҳади байнидавлатӣ, миллат ва дин, муқаддасоти дигар низ вуҷуд надорад.
Аммо фурсати дасисабозӣ гузашт. Мо бояд бештар ба ахлоқи ҳамида такя намоем. Имрӯз ки шароити фароҳам аст, дар таҳкими Истиқлолияти кишвар саҳмнузор бошем!